Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИЕВ Нуралӣ

СОЛИЕВ Нуралӣ

СОЛИЕВ Нуралӣ (таваллуд 1909, деҳаи Намадмолони Файзобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1947). Аъаои КПСС аз соли 1940.

Солҳои 1931—39 колхозчӣ, ҳисобчӣ, 1939—50 раиси колхози ба номи Дзержинскийн ноҳияи Ҳисор, 1951 раиси колхози «Ленинизм», 1952 раиси Кохози «Москва»-и ноҳияи Кировобод (ҳозира ноҳияи Панҷ), 1954—59 мудири шуъбаи совхози «Ҳисор»-н ноҳияи Қӯрғонтеппа, 1960— 69 агрономи совхози ба номи Дзержинскийи ноҳияи Ҳисор ва аз соли 1970 нафақахӯри шахсӣ. Солиев дар инкишофи пахткорӣ саҳми калон гузошт. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, модалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …