Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ОФТОБ

СИСТЕМАИ ОФТОБ

solar-system

СИСТЕМАИ ОФТОБ, манзумаи ҷирмҳои осмониеро номанд, ки дар майдони гравнтатсионии Офтоб ҳаракат мекунанд. Андозаҳои Системаи Офтобро аз рӯи мадори Плутон (тақрибан 40 в. а.) муайян мекунанд. Вале ҳадди сферае, ки дар ҳудуди он ҳаракати устувори ҷисмҳо дар атрофи Офтоб имконпазир аст, то ситораҳои наздиктарин (230000 в. а.) кашол меëбад. Сохти умумии Системаи Офтобро Н. Коперник (асри 16) кашф карда, дар атрофи Офтоб давр задани Замин ва дигар сайёраҳоро асоснок намуд. Системаи гелиосентрии Коперник бори аввал имкон дод, ки масофаи нисбии сайëраҳо аз Офтоб ва аз Замин муайян карда шаванд. Дар ибтидои асри 17 И. Кеплер қонунҳои ҳаракати сайёраҳоро, дар охири асри 17 бошад И. Нютон қонуни ҷозибаи умумтҷаҳониро кашф карданд. Қонунҳои мазкур асоси механикаи осмонӣ гардиданд, ки ҳаракати ҷисмҳои Системаи Офтоб мавзӯи тадқиқоти он мебошад. Тадқиқи физикии ҷисмҳои Системаи Офтоб танҳо баъди аз тарафи Г. Галилей ихтироъ гардидани телескоп имконпазир гардид. Соли 1606 Галилей бо телескопи худ сохтааш Моҳ, Зӯҳра, Муштарӣ ва Зуҳалро мушоҳида намуда, як қатор кашфиётҳои бузург кард (нигаред Астрономия). Галилей доғҳои Офтобро мушоҳида намуда, ба хулосае омад, ки Офтоб дар гирди меҳвараш чарх мезанад.

Масъалаи устувории Системаи Офтоб бо мавҷудияти узвҳои асрӣ дар ниммеҳварҳои калон, экссентриситетҳо ва майлҳои мадорҳои сайëраҳо алоқаманд мебошад. Вале усулҳои классикии механикаи оомонӣ омилҳои пароканиши хурд (масалан, бефосила кам шудани массаи Офтоб)-ро ба назар намегиранд, ҳол он ки ин омил дар таҳаввули Системаи Офтоб мақоми баланд дошта метавонад. Системаи Офтоб дар ҳаракати (чархзании) Галактика иштирок мекунад (тақрибаг аз рӯи мадори доиравӣ бо суръати 250 км/сон). Даври чархзании Системаи Офтоб нисбат ба маркази Галактика тақрибан ба 200 млн сол баробар аст. Масъалаи чи тавр пайдо шудани Системаи Офтоб ҳозир ҳам яке аз масъалаҳои муҳими табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад (нигаред Космогония). Тахмин мекунанд, ки Системаи Офтоб 5 млрд сол қабл аз ин ба вуҷуд омадааст.

Кайҳоннавардӣ барои астрономҳо дар тадқиқи Системаи Офтоб имкониятҳои калон фароҳам овард. Расадхонаҳои кайҳонии советӣ ва америкой сайраҳои дохилии Системаи Офтобро тадқиқ карда истодаанд. Аппаратҳои худкори советӣ ва америкоӣ ба сатҳи Моҳ, Зуҳра, Миррих бароварда шуданд. Кайҳоннавардони ШМА бори нахуст ба Моҳ баромаданд (1969), киштиҳои кайҳонии америкоии «Пионер-10» ва «Пионер-11» аз минтақаи сайёраҳои хурд баромада аз наздикиҳои сайëраи Муштарӣ парвоз карда гузаштанд. Киштиҳои америкоии «Вояҷер» дар бораи ҳалқаҳои Зуҳал ва Муштарӣ маълумоти нав фиристоданд. Инсоният ба тадқиқи амалии Системаи Офтоб шурӯъ намудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …