Маълумоти охирин

СОЛ

СОЛ, фосилаи вақтест, ки тақрибан ба як даври гардиши Замин дар атрофи Офтоб баробар меояд. Аз қадимулайём ин ҷониб ду мафҳуми Сол—соли шамсӣ (ё табиӣ) ва соли қамарӣ (ё истилоҳӣ) маълум аст, ки зимнан дар байни аксар халқу кишварҳои дунё интишор ёфтааст. Тавсифи илмии ин солҳоро Абурайҳони Берунӣ дар нахустин асари астрономӣ (ба тоҷикӣ) «Ат-тафҳим зикр кардааст. Масалан, соли шамсиро чунин таъриф додааст: «Соли табиӣ иборат аст аз он муддат, ки андар ӯ як бор гардиши гармо ва сармо ва кишту зеҳ ба тамомӣ бувад. Ва оғози ин муддат аз будани Офтоб аст ба нуқтае афалакулбуруҷ, то бад-ӯ боз ояд. В-аз ин ҷиҳат ба Офтоб мансуб карда омад ин сол. Ва андозаи ӯ сесаду шасту панҷ рӯз аст ва қасрӣ аз ҷаҳоряки рӯз камтар, чунон-к мо ҳамеёбем, в-аз чаҳоряки рӯз бештар чунон-к пешинагон ҳамеёфтанд».

  Ба қадри инкишофи илму амалия мафҳуми Сол аз пештара дида хеле васеъ шуд. Дар ин байн дар астрономия шаш мафҳуми Сол ташаккул ёфт, ки ҳар яке ҷой ва мавриди истифода дорад: 1) Соли сидерӣ (ситоравӣ), ба як гардиши намоёни Офтоб дар сфераи осмон нисбат ба ситораҳои беҳаракат мувофиқ меояд; ба ҳисоби миёнаи ба 365, 2564 шаборӯзи офтобӣ баробар аст; 2) Соли тропикӣ фосилаи вақтест, ки дар он Офтоб нуқтаи эътидоли баҳориро пай дар пай ду маротиба мегузарад (365, 2422 шаборӯз); 3) Соли аномалӣ фосилаи вақтест, ки маркази Офтоб аз перигени мадори геосентриаш пай дар пай ду маротиба мегузарад (365, 2596 шаборӯз); 4)           Соли тиннинӣ гуфта фосилаи вақтеро меноманд, ки Офтоб гиреҳи мадори Моҳ (гиреҳи фароз ё гиреҳи нишеб)-ро дар эклиптика пай дар пай ду маротиба тай мекунад (346, 6200 шаборӯз). Дар кавсайнҳо давомати ҳамаи Солҳо барои соли 1900 оварда шудаанд; 5) Соли тақвимӣ, барои солҳои муқаррарӣ ба 365 шаборӯз, барои солҳои кабиса ба 366 шаборӯз баробар аст; 6) Соли қамарӣ ба 12 моҳи синодӣ (ба ҳисоби миёна 354, 367 шаборӯз) баробар мебошад.

Нигаред низ Солшуморӣ, Тақвим.

2018

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …