СОКОЛОВ Сергей Николаевич (таваллудаш 8. 6. 1923, деҳаи Озоровои уезди Тихвини губернияи Черновес, ҳозира райони Тихвини вилояти Ленинград), шарқшинос-эроншиноси советӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинградро соли 1953 хатм кардааст. Аз соли 1956 муаллими факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград. Тарҷумон дар Сурия (1956) ва Миср (1958). Дар УДТ аз таърихи забон дарс гуфтааст. Тадқиқоти Соколов ба омӯзиши забонҳои гуногуни эронӣ — забонҳои ғарбии эронӣ («Инкишофи таърихии каҳзатив дар забонҳои ғарбии эронӣ», 1958), забони балуҷӣ («Очерки грамматикаи забони балуҷҳои Иттифоқи Советӣ», 1956), забони форсии қадим, забони форсии миëна, забони авестоӣ («Забони авестоӣ», 1961; тарҷумаи англисиаш 1967) ва ғайра оиданд. Дар асари охирин фонетика, морфология ва синтаксиси забони авестоӣ ҳарҷониба мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Соколов муаллифи дастуре барои омӯзиши забони авестоӣ ба номи «Забони Авесто» (Лондон, 1964) ва очерки мухтасари таърихи адабиëти Эрони Қадим (дар китоби: «Краткая история литератур Ирана, Афганистана и Турции», Лондон, 1971) мебошад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.
Осорҳо: Язык Авесты, Древнеперсидский язык, дар китоби: Основы иранского языкознавия. Древнеиранские языки, Москва, 1979.
М. Диловаров.