Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОКОЛОВ Борис Сергеевич

СОКОЛОВ Борис Сергеевич

sokolov-boris

СОКОЛОВ Борис Сергеевич (таваллудаш 9. 4. 1914, Вышний Волочёк, ҳозира вилояти Калинин), геолог ва палеонтологи советӣ, академики АФ СССР (1968; аъзо-корреспондент 1958). Асарҳои асосиаш оид ба марҷонҳои эраи палеозой, қадимтарин организмҳои протерозой ва кембрий, таърихи инкишофи олами органикии токембрий, биостратиграфия ва палеогеографияи палеозойи аввал дар территорияи СССР мебошанд. Соколов—академик-котиби Шӯъбаи геология, геофизика ва геохимия, инчунин аъзои Президиуми АФ СССР (аз 1975), президенти Ҷамъияти умумииттифоқии палеонтологии АФ СССР (аз 1974), ноиб-президенти Ассосиатсияи байналхалқии палеонтологӣ (аз 1972). Аъзои фахрии Ҷамъияти геологии Швесия (аа 1968), аъзои ҳақиқии Ҷамъияти геологии Франсия (аз 1963); Лауреати Мукофоти ленинӣ (1967), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984), бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …