Маълумоти охирин

СОҚИНОМА

СОҚИНОМА  як навъи шеър аст дар адабиёти классикии форс-тоҷик. Бештар ба шакли маснавӣ ва дар баҳри мутаҷориб таълиф мешуд. Дар шаклҳои дигар (чунончи, Соқиномаи Саноии Ғазнавӣ дар баҳри ҳазаҷ), ба тарзи қофиябандии тарҷеъбанду таркиббанд (Ҳаким Шифоии Исфаҳонӣ, Назирӣ) ва рубоиёт (Аҳлии Шерозӣ) низ Соқинома дучор меояд. Ҳаҷми Соқинома ҳар хел буда, то 2000 байт (Соқиномаи Зуҳурӣ) мерасад. Соқинома дар заминаи хамрияҳо (ашъор дар васфи май) пайдо шудааст. Намунаи беҳтарини онро Рӯдакӣ ва Манучеҳрӣ сурудаанд. Аввал Соқинома қисми таркибии маснавӣ, махсусан маснавиҳо дар бораи Искандар буд (боби оид ба Искандар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои «Искандарнома»-и Низомӣ, «Оинаи Искандарӣ»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ ва «Хумоӣ ва Ҳумоюн»-и Хоҷуи Кирмонӣ). Ин гуна ибтидои достонҳоро муғаннинома низ гуфтаанд. Ба шакли достони мустақил Соқинома аввал дар эҷодиёти Умеди Теҳронӣ (вафот 1522), сипас дар эҷодиёти муаллифони асрҳои 16—17 ба вуҷуд омад. 57 Соқиномаи муаллифони гуногун дар тазкираи «Майхона» дохил шудааст. Мавзӯи асосии Соқинома бебақоии олам, васфи соқи ва май мебошад. Аз байни Соқиномаҳо Соқиномаи Ҳофизи Шерозӣ бо мазмуни барҷастаи гуманистӣ, инсондӯстӣ ва фалсафиаш мақоми баланд дорад.

А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …