Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОИЛИИ НАҲОВАНДӢ

СОИЛИИ НАҲОВАНДӢ

СОИЛИИ НАҲОВАНДӢ маъруф ба Мавлонои Ҳамадонӣ (соли тавалудаш номаълум, Оҳи Дамованд — вафоташ 1533, Наҳованди Ҳамадон), шоир ва донишманди форс-тоҷик. Дар зодгоҳаш касби камол карда, илмҳои гуногуни замонашро омӯхт. Дар ҷавонӣ аз Дамованд ба Ҳамадон омад ва дар Наҳованд ном мавзеи он муҳим шуд ва тахаллуси «Наҳовандӣ» гирифт. Табъи равони Соиоии Наҳовандиро бисёре аз шуарои давр эътироф кардаанд. Ӯ бо Ҳайратӣ ном шоири замон зиддият ва рақобат доштааст. Ашъори парокандаи Саҳовии Наҳовандӣ тавассути тазкираҳо то замони мо омада расидааст. Наҳовандӣ махсусан дар рубоию ғазал маҳорат доштааст. Рубоиҳои ӯ нисбатан бештар то замони мо расидаанд;

 

Ҳаргиз лаби ахли дард хандон набувад,

Ҷуз гиря насиби дардмандон набувад,

Безорам аз он дил, ки парешон набувад,

Дур афканам он дида, ки гирён набувад.

 

Мавзӯи асосии ашъори шоир тараннуми ишқу муҳаббати поки инсонист. Зимни ин мавзӯъ Соилии Наҳовандӣ бисёр ақидаҳои зиддидинӣ баён кардааст, ки дар айни замон зидди нуқсонҳои ҷамъиятианд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …