Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОИДӢ Ғуломҳусайн

СОИДӢ Ғуломҳусайн

СОИДӢ Ғуломҳусайн (1935, Табрез—1986), нависандаи эронӣ. Бо тахаллуси Гавҳар Мурод ҳам эҷод кардааст. Факултети тиббии Университети Табрезро хатм кардааст. Новелла ва драмаҳои аввалинаш дар охири солҳои 50 нашр шудаанд. Бештар аз 40 новелла, повест ва драма навиштааст. Дар асарҳои ӯ зиндагии мураккабу пурзиддияти мардуми Эрон инъикос ёфтааст. Қаҳрамонони Соидӣ одамони оддӣ, буда, бо ахлоқи пок ва маънавиëти баландашон сазовори таваҷҷӯҳ мебошанд. Повесту новеллаҳои ӯ («Азодорони Баял» (1966), «Аҳли Ҳаво» (1967), «Тарсу ларз» (1969), ва ғайра ба забони русӣ тарҷума шудаанд.       Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …