Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОИБ Мирзо Муҳаммадалӣ

СОИБ Мирзо Муҳаммадалӣ

СОИБ  Мирзо Муҳаммадалӣ (1603, Исфаҳон—1677, ҳамон ҷо), шоири эронӣ. Аз оилаи тоҷир. Гузаштагонаш аз Табрез буданд, аз ин рӯ баъзан ӯ бо номи Соиби Табрезӣ ëд мешавад. Дар аҳди Аббоси Кабир оилаи Соиб бо гурӯҳи тоҷирон ба Исфаҳон кӯчонда шуд. Дар Исфаҳон Соиб ба таҳсили илмҳои замон шурӯъ намуд. Ӯ санъати хаттотиро ба хубӣ аз худ карда, чандин рисолаву маҷмӯаҳои ашъор, аз ҷумла «Хамса»-и Низомии Ганҷавиро китобат кардааст. Пас аз хатми таҳсил Соиб сафари Ҳиндустонро пеш гирифт. Дар ин мусофират Соиб муддате дар Кобул таваққуф намуда, ба ҳокими он ҷо— Зуфархон робитаи дӯстӣ пайдо кард. Зуфархон Соибро ба устодӣ пазируфта, дар сафар ва роҳ ëфтанаш ба дарбори ҳукмрони Ҳинд —Шохиҷаҳон ëрӣ кард. Дар Ҳиндустон Соиб ба шеъргӯй ҷиддӣ машғул гардида, пас аз муддате чун шоири тавоно ва ширинкалом машҳур шуд. Соиб ба қавли тазкиранависи тоҷик Малеҳои Самарқандӣ, ба Мовароуннаҳр низ сафар карда, бо намояндагони илму адаби ин сарзамин вохӯрда, сӯҳбатҳо кардааст. Пас аз сафар Соиб ба ватан баргашта, чанде дар дарбори Шоҳ Аббоси II (1648—1666) хидмат намуд ва «маликушшуаро» ном гирифт. Даҳ соли охири умрашро берун аз дарбор гузаронидааст.

  Аз Соиб мероси бой боқӣ мондааст. Соиб инчунин мураттиби баëзест, ки дар он намунаҳои ашъори шоирони гузаштаву ҳамзамонашро ҷамъ овардааст. Дар девонҳои Соиб қасоид, газалиëт, рубоиҳо фароҳам омадаанд. Соиб инчунин достони «Қандаҳорнома» дорад. Қасндаҳои Соиб дар анъанаи қасидасароëни гузашта эҷод гардидаанд. Соиб дар таърихи адабиëт ҳамчун шоири ғазалсаро шӯҳрат дорад. Аз ғазалсароёни гузашта Соиб ба Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ ва Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ кардааст. Ӯ инчунин худро шогирди Хаким Рукно, Масеҳи Кошӣ ва Ҳаким Шифоӣ медонист. Дар эҷодиëти Соиб ишқу муҳаббат, ҳолу аҳволи худ, гардида чархи каҷрафтор, зулму бедоди замон, харобии авзои ватан, нокомӣ ва номуродии мардуми заҳматкаш, ғаму андӯҳи бепоён, беқадрии суханвар ва матои сухан, хориву зории аҳли ҳунар, шикваву шикоят аз носозиҳои муҳит бисëрр васеъ фаро гирифта шудааст. Соиб дар зимни ҳар мавзӯъ бисëр фикрҳои ахлоқӣ, панду андарзҳо ба миëн гузоштааст, ки дар тарбияи маънавии инсон ниҳоят судманд мебошанд. Соиб оммаи меҳнаткашро асоси пойдории давлат медонад, золимонро аз оқибати номатлуби зулм ва қувваи бузурги аҳли меҳнат огоҳ месозад ва ба ин васила онҳоро ба тарки зулму истибдод даъват мекунад. Дар ашъори Соиб масъалаҳои ахлоқии ростӣ, некӯкори, адлу инсоф, ҳиммат ва ҷавонмарди, дӯстӣ ва рафоқат, сидқу вафо, ҳифзи обрӯ, хоксорӣ, саъю кӯшиш, кору амал ва ғайра бисëр дучор мешавад. Эҷодиëти Соиб бо ҳаëт ва завқу андешаи мардуми заҳматкаш сахт пайванд аст. Соиб саъй мекард ба ҳар василаву чорае ба мардум ëрӣ расонад, мекӯшид одамонро ба ҷодаи хайру накӯӣ раҳсипор намояд:

 

Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.

 

Соиб аз носозиҳои замона танҳо бо шикояти зиëде қаноат накарда, ба танқиду накӯҳиши нуқсон ва иллатҳои муҳити зиндагӣ, кору кирдори зиддихалқии табақаи ҳукмрон пардохтааст. Ӯ намояндагони ривия динро зери тозиëнаи танқид ва тамасхур кашида, пардаи макру фиреби ин тоифаро аз рӯяшон бебоконӣ бардоштааст:

 

Шиша аз шабзиндадорӣ хуни мардум мехӯрад,

Зинҳор аз воҳиди шабзиндадор андеша кун.

 

Соиб дар эҷодиëти худ бадмастиро сахт мазаммат намудааст:

 

Намедонанд аҳли ғафлат анҷоми шароб охир,

Ба оташ мераванд ки ҷоҳилон аз роҳи об охир.

 

Соиб ҳамчунин дар боби меҳмондорӣ, нишот ва шодмонӣ, ватанпарвари, ҳушëрӣ, шарму ҳаб, марг ва зиндагонӣ, ишқи пок ва самимии инсон як силсила андешаҳои ҳакимона дорад, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд. Сабки эҷодии Соиб сабки финдист. Ӯ бисëр мазмунҳои баланди иҷтимоиро дар пардаи калимоту ибороти хоси ин сабк ба қалам овардадст. Соиб баробари истифодаи теъдоди зиёди воситаҳои тасвири бадеии анъанави тозахаблиҳо ва навовариҳои хосе низ дорад. Номи Соиб дар Эрон, Осиёи Миëна, Ҳиндустон, Афғонистопу Туркия дар замони зиндагиаш ва баъд аз сари ӯ маълуму машҳур гардидааст. Шоири тоҷик Сайидои Насафӣ тақрибан ба 40 ғазали Соиб мухаммас бастааст. Таъсири Соиб дар эҷодиëти намояндагони дигари адабиёти тоҷик низ ба назар мерасад.

 

Осорҳо: Ашъори мунтахаб, Душанбе, 1980;

  1. Аҳррорӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …