Маълумоти охирин

СОҲИРӢ

magia

СОҲИРӢ (арабӣ       аз сеҳр), ҷодугарӣ, афсунгарӣ, як одати хурофотиро гӯянд, ки тибқи он соҳирон гуё тавассути қувваҳои фавқуттабиӣ воқеаву ҳодисаҳоро идора мекардаанд. Соҳирӣ маҳсули маънавии ҷамоаи ибтидоист; зимни эътиқоди одамони қадим ба таъсири мутақобили инсон ва табиат ба вуҷуд ома- дааст. Бо мурури замон Соҳирӣ ба тар- киби динҳои ибтидоӣ (анимизм, тотемизм, фетишизм) ва баробари ба вуҷуд омадани динҳои яккахудоӣ (монотеистӣ) қисман ба таркиби ин динҳо дохил шуда ба шароиту талаботи нави ҷамъият мутобиқ гардид. Пас аз ҷорӣ шудани дини ислом Соҳирӣ ба китобҳои динӣ дохил шуд. Аҳли хурофот чунин мепиндоштанд, ки Соҳирӣ барои аз қасди душману ҳамлай ҳайвонот эмин доштан, ба рафъи таъсири суқу ҳасуд ва заҳри чашм, таъмини барори кор, фаровонҳосилӣ ва ғайра ба одамон ёрӣ мерасонад. Шахсоне, ки маросимҳои Соҳириро ба ҷо меоварданд, соҳир, сеҳргар, ҷодугар ва ғайра меномиданд. «Рад намудани чашми бад», «баровардани суқу ҳасуд», «гарму хунункунӣ», «афсунгарӣ», «гардонидани илму амал», «ҷодугарӣ», «даъват намудани шамол ва борон» («сусхотун» ё «ашаглон»), «бастани пеши кори душман», «кушодани пеши кори худ», «бомуваффақият анҷом ёфтани сафар», «ёфтани дузд ва чизҳои гумшуда», «аниқ кардани гунаҳкор» ва ғайра, ки дар байни аксари халқҳои ҷаҳон маъмуланд, ба доираи амали Соҳирӣ медаромад. Соҳириро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: зараррасон ва муфид. «Хунуккуни», «суқдарорӣ», «кинадарорӣ», «боргардонӣ», «илму амалкунӣ», «ҷодухӯронӣ» ва ғайра ба гурӯҳи Соҳирии зараррасон ва амалу маросимҳое, ки ба пешгирӣ ва рафъи таъсири ин гуна корҳо равона шудаанд, ба гурӯҳи Соҳирии муфид дохил мешаванд. Вобаста ба машғулият, касбу кор ва маросимҳо (деҳқонӣ, чорводорӣ, шикор, устоӣ, дӯзандагӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, тӯй, мотам, таваллуди кӯдак ва ғайра) намудҳои гуногуни Соҳирӣ вуҷуд дошт. Дар айёми мо ба туфайли пешрафти илм ва баланд шудани маърифати халқ маросимҳои Соҳирӣ беш аз пеш барҳам мехӯранд.

О. Муродов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …