Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОҲИБНАЗАРОВ Йӯлдош

СОҲИБНАЗАРОВ Йӯлдош

СОҲИБНАЗАРОВ Йӯлдош (1896, деҳаи Мингичари ҳозира ноҳияи Ҳисори Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон—1979, деҳаи Сари Киштӣ, ноҳияи Ленин), яке аз командирони отрядҳои муборизи зидди босмачиён. Аз оилаи деҳқони камбағал. Соли 1921 отряди ихтиёрӣ ташкил карда, худ командири он шуд. Дар торумори дастаи босмачиён ҷасорати шоёни тақдир нишон дода, дар байни халқ бо номи Йӯлдошкомандир шӯҳрат ёфт. Соҳибназаров дар мустаҳкам намудани сохти советӣ ва сохтмони колхозӣ меҳнати зиёд карда, аз вазифаи раиси Совети қишлоқ (1934) то ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Сталинобод (1940—42) мерасад. У аз соли 1936 дар вазифаи раиси колхоз (райони Сталинобод) хизмат кард. Аз соли 1961 нафақагири шахсӣ. Бо орденҳои Ленин, Революцияи Октябр, Байрақи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳо мукофотонида шудааст.

М. Эркаев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …