Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОҲИБИ ХИНСИР

СОҲИБИ ХИНСИР

СОҲИБИ ХИНСИР Абӯҷаъфар Ибни Соҳиби Хинсир (611, Занҷони Эрон —675, Мадина), навозанда, мусиқишинос ва бастакори форс-тоҷик. Санъати мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхтааст. Баъди истилои араб чун ғулом ба Мадина бурдаанд. Соҳиби Хинсир аввалҳо хизматгори дарбор буд, баъди озодӣ ба савдо машғул шуд, лекин маошаш аз санъат буд. У аввал соз наменавохт, дар ҳавои зарб (кӯфтани чизе) суруд мехонд. Сипас барбатнавозиро омӯхта яке аз таъсисдиҳандагони мактаби мусиқии Мадина шуд. Соҳиби Хинсир дар танзими барбат ихтирооти тоза дошта, иловаи пардаи хинсирро ба ӯ нисбат медиҳанд, зимни ин дар мусиқии аҳди хилофат бо усули вазнин хондани сурудро ба расмият даровард.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …