Маълумоти охирин

СОҲИБ

СОҲИБ  (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 14).

Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти адабии Соҳиб дар сарчашмаҳои адабӣ ягон ахборе нест. Маснавии «Дафтари дилкушо» (таълифаш соли 1320) ягона асари Соҳиб аст, ки то замони мо расидааст. Дар баъзе ҷойҳои асар ишораҳо ба лаҳзаҳои ҷудогонаи зиндагии шоир дучор мешаванд.

«Дафтари дилкушо» достони қаҳрамонию таърихӣ буда, дар пайравии «Шоҳнома» навишта шудааст. Ҳаҷмаш зиёда аз 10 ҳазор байт, 165 боб. Соҳиб дар достон таърихи ҳукуматдории мулуки Шабонкора ва ҷангу корнамоиҳои онҳоро барои муҳофизати ватани худ аз айёми ба сари ҳокимият омадани асосгузори ин сулода—Фазл ибни Алӣ (1057) то замони ҳамлаи муғулҳо (1256), муносибату ҷангҳои шабонкориҳо бо хоразмшоҳиён, атобакон ба қалам додааст.

Аз ин ҷиҳат достон дорои аҳамияти зиёди таърихист. «Дафтари дилкушо» дар рӯҳияи ватанпарварию инсондӯстӣ, ҳисси нафрат ба душман ва ҷангҳои хонумонсӯз навишта шуда, дар он афкори панду ахлоқӣ мавқеи муҳим доранд.

Нусхаи ягонаи маснавин Соҳиб дар Ганҷинаи дастнависҳои ба номи А. Мирзоеви Институти шарқдшиносии Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон маҳфуз аст, ки матни аксии онро адабиётшиноси тоҷик Р. Ҳодизода соли 1965 ба табъ расондааст.

Адабиёт: Xадизаде Р., Неизвестное подражание «Шахнаме» Фирдоуси, «Народы Азии и Африки», 1961, № 4.

С. Имронов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …