Главная / Гуногун / СОДОТ Хоҷа Самеъ

СОДОТ Хоҷа Самеъ

СОДОТ Хоҷа Самеъ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик (асри 17). Дар Самарқанд касби камол кард. Як муддат дар Ҳиндустон зист, боз ба зодгоҳаш баргашт ва ниҳоят, дар Бухоро манзил гузид. Содот шоири ҳунарманд ва пурмаҳсуле будааст. Малеҳои Самарқанди ба ҷуз девони комили ғазалиёт боз асари маясури «Авранги ҳикмат» (дар ҷавоби «Нузҳат-ул-арвоҳ»-и Мирҳусайни Содоти Ҳиротӣ), маснавии «Чор фасл» (дар ҷавоби «Тӯҳфат-ул-Иро- қайн»-и Хоқонии Шервонӣ) ва як маснавии дигар дар васфи Боғи баланди Самарқанд доштани ӯро хотирнишон месозад. Вале ин асарҳо ҳоло номаълуманд. Танҳо 34 байти маснавии васфи Боғи баланд, 13 рубоӣ ва як ғазали Содот ба воситаи «Музокир-ул-асҳоб»-и Малеҳо боқӣ мондааст.

 

Адабиëт: Мирзоев А., Сайидо Насафи и его место » истории таджииской литературы. Душанбе, 1957.

С. Саъдиев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.