Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОДИҚОВ Бобо

СОДИҚОВ Бобо

СОДИҚОВ Бобо (1893» деҳаи Файзободи волости Уротеппа—21.12.1953, шаҳри Уротеппа), яке аз муборизони барпо ва пойдор намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, чекист, подполковники милисия. Аъзои КПСС аз соли 1918. Аз оилаи деҳқони камбағал. Солҳои 1920—32 сардори шӯъбаи милисияи уезду шаҳри Уротеппа ва шӯъбаи кофтукови ҷиноятии Управленияи милитсияи округ ва шаҳри Уротеппа буд. Солҳои 1933—34 дар Мактаби марказии милитсияи Москва тақсил намуд. Солҳои 1934—50 ба сифати сардори шӯъбаҳои милитсияи шаҳрҳои Ленинобод, Конибодом, Уротеппа ва райони Регар кор кард. Бо ордени Байрақи Сурх, медалҳо, яроқи шахсӣ мукофотонида шудааст.

                                                                                              И. Келдиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …