Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЦИОМЕТРИЯ

СОЦИОМЕТРИЯ

sociometria

СОЦИОМЕТРИЯ (аз лотинӣ societas — ҷамъият ва …метрия) як соҳаи психологияи иҷтимоиро гӯянд, ки таркиб, қонуният ва хислатҳои психологию функционалии гуруҳ ва коллективҳои хурди иҷтимоиро тадқиқ мекунад. Истилоҳи «Социометрия» дар асри 19 пайдо шудааст. Соли 1934 муҳаққиқи америкоӣ Ҷ. Морено метод ва принципҳои Социометрияро ба тадқиқотҳои иҷтимоию психологӣ татбиқ намуд. Системаи Социометрия 5 нуктаи асосиро дар бар мегирад:         методҳои математикию таҷрибавии тадқиқи ҳусну таваҷҷуҳ ва дигар муносибатҳои эҳсосию психологии гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмии одамон; принципи дар робитаи ҳиссию эмоционалӣ вуҷуд доштани фарди алоҳида ва муайян намудани ҳамзистӣ ва муносибати мутақобили фардҳо дар гурӯҳ; қонуни «ҷозибаи иҷтимоӣ», ки ба ҳам наздикшавии гурӯҳҳои расмӣ ва ғайрирасмиро ифода мекунад, қонуни социогепетикӣ, ки процесси аз гурӯҳҳои хурд, ташкилотҳои одитарин ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои калонро дар бар мегирад; қонуни социодинамикӣ, ки масъалаи нобаробар тақсим шудани ҳусну таваҷҷӯҳ ва майлу рағбати мусбати байниҳамдигарии одамонро тадқиқ мекунанд.

Бо ёрии методҳои Социометрия муносибатҳои иҷтимоию психологии дохили гурӯҳҳо, хусусиятҳои психологӣ, типологияи рафтору кирдори шахс ҳамчун узви коллектив, имконияти баланд бардоштани самараи истеҳсолот, кам гардидани фалокатҳои истеҳсолӣ, ҷойивазкунии қувваҳои корӣ, масъалаҳои гуногуни тибби иҷтимоӣ, тарғибот ва ташвиқот, таълиму тарбия ва ғайра тадқиқ карда мешаванд. Вале методҳои Социометрияро методҳои ягонаи омӯзиши процессҳои иҷтимошо психологӣ донистан набояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки метод ва тадқиқоти Социометрия танҳо дар робита бо омилҳои иқтисодию сиёсӣ, синфию идеологӣ натиҷаи дилхоҳ дода метавонанд. Аз ин рӯ, Социометрия назарияи ягонаю ҳамагонии социологӣ буда наметавонад.      С. Наврӯзов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …