Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЦИОЛОГИЯ

СОЦИОЛОГИЯ

sociology

СОЦИОЛОГИЯ (аз лотинӣ socielatas — ҷамъият ва юнонӣ …логия), илмест дар бораи системаи томи ҷамъият, муассисаҳои иҷтимоӣ, процессҳо ва гурӯҳҳои ҷамъиятӣ. Он ҷамъиятро ҳамчун организми бутун зимни робитаи мутақобили унсурҳои он меомӯзад. Социология бар хилофи илмҳои иқтисодиёт, психология, педагогика ва ҳуқуқшиносӣ дар ҳар кадом объекти худ омезиши навъҳои гуногуни алоқаҳои иҷтимоиро мушоҳида мекунад. Аз ин рӯ, он илми комплексист. Социология муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятиро бо ёрии методҳои гуногуни илмӣ меомӯзад ва барои идоракунии процессҳои иҷтимоӣ донишҳои дастрасшударо истифода бурда, тамоюли инкишофи онҳоро ошкор ва пешбинӣ менамояд. Вале фаҳмиши системаи иҷтимоб, унсур, таркиб ва қонунҳои инкишофи Социология дар илми буржуазию марксистӣ қатъиян аз ҳам фарқ мекунанд. Ин натиҷаи дастурҳои методологӣ ва ҷаҳоншиносии буржуазӣ ва социалистӣ аст, ки интихоби объект ва методҳои конкретил тадқиқашон низ аз ҳам фарқ мекунад.

Социология ҳамчун илми мустақил дар асри 19 (истилоҳи «Социология» аз тарафи О. Конт пешниҳод шудааст) дар натиҷаи ба соҳаҳои алоҳида ҷудо шудани фалсафаи анъанавии иҷтимоӣ, махсусгардонӣ  ва кооперацияи фанҳои ҷамъиятӣ, инкишофи тадқиқотҳои эмпирикию иҷтимоӣ ба вуҷуд омадааст.

sociology1

Социологияи буржуазии асри 19 бо таъсири позитивизми О. Конт ва Г. Спенсер дар ду самти баробар ва аз ибтидо ба ҳам новобаста, яъне Социологияи назари ва тадқиқотҳои иҷтимоии таҷрибавӣ инкишоф ёфтааст. Социологияи назарӣ барои азнавсозии фазаҳои асосии эволюцияи таърихӣ ва дар як вақт тасвир намудани таркиби ҷамъият кӯшидааст. Лекин социологҳои позитивист инкишофи ҷамъиятро чун эволюцияи каму беш ростхатта тасаввур намуда, сохти ҷамъиятро бо ҳам тобеъшавни механикии омилҳои мухталиф медонистанд. Дар Социологияи асри 19 дар рафти омӯзиши ҷиҳатҳои мухталифи ҳаёт якчанд равияҳои мухталиф ба миён омаданд. (нигаред Мактабҳои социологӣ).

Равияи дуюми инкишофи Социологияи буржуазии асри 19-ро тадқиқотҳои таҷрибавӣ ташкил медиҳанд. Тадқиқотҳои таҷрибавӣ пеш аз асри 19 сар шуда бошанд ҳам («арифметикаи сиёсии» асри 17 англис, «статистикаи ахлоқии» франсавӣ) дар ин аср шумораи онҳо зиёд шуда, доираи васеи масъалаҳои иҷтимоиро фаро мегирад. Дар як вақт методҳои ғун намудан ва таҳлили омилҳои таҷрибавӣ такмил дода шудаанд.

Дар охири ари 19 Социология дар университетҳо таълим дода мешуд. Социология 1892 аввалин кафедраи социологҳо дар Университети Чикаго, соли 1893 Институти байналхалқии Социология дар Париж таъсис карда шуд, журналҳои махсус нашр карда мешаванд. Дар аввали асри 20 аввалин ҷамъият ва ассоциацияҳои миллии социологӣ ба вуҷуд меоянд. Омӯзиши Социология дар программаи аксарият университетҳои европоию америкоӣ дохил карда мешавад.

Офарандагони Социологияи ҳақиқатан илмӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс мебошанд. Фаҳмиши материалистии таърих (нигаред Материализми таърихӣ) ҳукмронии ақидаҳои идеалистиро дар соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ бартараф намуда, ба ташаккули назарияи умумисоциологӣ — материализми таърихӣ мусоидат кард.

Ҷиҳатҳои алоҳидаи назарияи социюлогии Маркс ва Эвгелс дар асарҳои Г. В. Плеханов, А. Бебел, П. Лафарг, Р. Люксембург ва дигарон истифода ва ғанӣ гардонда шудаанд.

  1. И. Ленин дар шароити нави давраи таърихӣ — империализм Социологияи марксистиро ҳам аз ҷиҳати умуминазарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амали ҳаматарафа инкишоф дод. Масалан, ӯ аҳамияти омилҳои субъективиро дар пешрафти таърих тадқиқ ва мафҳуми синфро муайян карда, назарияи империализм ҳамчун дараҷаи оли ва охирини капитализмро асоснок ва назарияи марксистӣ дар бораи давлатро ғанӣ гардонд. Инкишофи Социологияи марксистӣ дар СССР бо амалияи сохтмони социалистӣ ва талаботи ҳаракатҳои байналхалқии коргарӣ ва коммунистӣ алоқаи зич дорад.

Социология чун илмҳои дигари ҷамъиятӣ барои дарки ҳодисаҳои объективии дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуқӯъ меомада ва таълифи дастурҳои аз ҷиҳати илмӣ санҷидашуда аҳамияти хос дорад. Социологияи марксистӣ бо ду роҳ инкишоф ёфтазст: конкретикунонию ғанигардонии масъалаҳои асосии материалиами таърихӣ ва  социологикунонии фанҳои ҷамъиятии омехта, пош аз ҳама, иқтисодиёт. Материализми таърихӣ ҳамчун илми фалсафию социологӣ дар як вақт чун қисми таркибии фалсафаи марксистию ленинӣ ва ҳамчун назарияи умумисоциологӣ методологияи ҳамаи соҳаи илмҳои ҷамъиятӣ мебошад. Социологияи марксистӣ-ленинӣ ба материализми таърихӣ ҳамчун назарияи умумисоциологӣ ва методологияи маърифати иҷтимоӣ такя мокунад. Социологияи марксистию ленинӣ маҷмӯи назарияҳои махсуси социологиро дар бар мегирад (Социологияи меҳнат, Социологияи оила, Социологияи маълумот ва ғайра). Дар СССР як қатор муассисаҳои тадқиқотӣ таъсис карда шудаанд: Институти тадқиқотҳои социологӣ, Институти проблемаҳои иҷтимоию иқтисодии Академияи Фанҳои СССР. Шӯъба, сектор, лаборатория ва гурӯҳҳои социологӣ дар аксари институтҳои академӣ, мактабҳои олии республикаҳои иттифоқӣ, муассисаҳои саноатӣ таъсис карда шудаанд. Соли 1967 дар шӯъбаи фалсафаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Социалистии Тоҷикистон сектори тадқиқотҳои социологӣ таъсис шуд; гурӯҳҳои социологӣ дар назди иттиҳодия, вазорат ва муассисаҳо амал мекунанд. Социологҳои советӣ дар Ассоциацияи социологии советӣ (аз соли 1956) муттаҳид мешаванд. Аз соли 1974 журнали «Социологические исследования» нашр мегардад. Социологҳои Тоҷикистон дар кори Ассоциацияи социологии советӣ ва Шӯъбаи тоҷикистонии (1984) он фаъолона иштирок мекунанд. Ш. Шоисматуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …