Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЦИОЛИНГВИСТИКА

СОЦИОЛИНГВИСТИКА

СОЦИОЛИНГВИСТИКА, як соҳаи илми забоншиносист, ки табиати иҷтимоии забон, вазифаҳои ҷамъиятии он ва таъсири рӯйдодҳои иҷтимоиро ба ҷараёни инкишофи забон меомӯзад. Забон худ ҳодисаи ҷамъиятист. Қонунҳои дохилии инкишофи забон ҳам хусусияти иҷтимоӣ доранд. Вусъати доираи истеъмоли забони адабӣ, ривоҷи илм ва маданият, сохти нави давлатдорӣ, пешравии муносибатҳои истеҳсолӣ ва гурӯҳи омилҳои иҷтимоии инкишофи забон ҳисоб меёбанд. Сосиалингвистика бо таъсири омилҳои иҷтитимоӣ миқдоран ва сифатан тағйир ёфтани сохту таркиби луғавни забон, сабабҳои рооитаи забон ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, таъсири мутақобили қонуниятҳои дохилии забон ва инъикоси бавоситаи ҳодисаҳои ҷамъиятиро тадқиқ мекунад. Робитаи қонуниятҳои таърихии инкишофи дохилӣ ва хориҷии (иҷтимоии) забон кайҳост, ки мавриди баҳси олимон қарор гирифтааст. Дар инкишофи Сосиалингвистика олимони франсавӣ А. Мейе, Пол Лафарг («Забон ва революция», 1894) ва дигар ҳисса гузоштаанд. Олимони маҳфили забоншиносии Прага Б. Гавранек, И. Вахек, А. Едличка ва дигар, ки дар пешрафти Сосиалингвистика саҳм доранд, мафҳуми забони адабиро вобаста ба вазифаи иҷтимоии он маънидод кардаанд. Назарияи Сосиалингвистика дар маҳфили лейпцигии олимони немис ва мақолаи Теодор Фрингс «Забоншиносӣ ва диалектологияи немис» инкишоф ёфт. Олимони америкоӣ Ч. Ҳомски, Д. Ҳаймс ва дигар ба масъалаҳои Сосиалингвистика таваҷҷӯҳи бештаре доранд. Аммо дар назарияи олимони америкоӣ робитаи қонуниятҳои забон ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ ҳамчун амали сабабу натиҷа тадқиқ нашудааст. Масъалаҳои Сосиалингвистика дар асарҳои забоншиносони советӣ Е. Д. Поливанов, К. Н. Державин, А. М. Селишев, В. В. Виноградов, Г. О. Винокур, В М. Жирмунский ва дигар ба таври марксистию ленинӣ таҳлил гардидааст. Солҳои 50—70 дар Сосиалингвистикаи советӣ давраи нав огоз ёфт. Баъзе масъалаҳои назариявӣ ва самти асосии инкишофи Сосиалингвистика дар асарҳои Ю. Д. Дешериев, М. М. Гухман, А. Д. Швейцер, А. Т. Базиев, М. И. Исаев, Л. Б. Николский, В. Н. Ярцева ва дигар ба миён гузошта шуданд. Дар ин давра масъалаҳои асосии Сосиалингвистика ва тавсифи иҷтимоии ҳодисаҳои забон, таҳқиқи хусусияту вазифаҳои он, ки бо таъсири ҳаёти иҷтимоӣ ба амал меоянд, инчунин омӯзиши алоқаи инкишофи забон бо ҳаёти иҷтимоӣ ва ғайра дар асоси методу равияҳои нави забоншиносӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Масоили дигари Сосиалингвистикаи имрӯза таъсири забони русӣ ба забоиҳои миллӣ ва дар ин замина инкишоф ёфтани таркиби луғавии забонҳои миллӣ, пайдоиши терминологияи нави иҷтимоию сиёсӣ ва техникӣ, ба миён омадани билингвизм, вусъати функцияҳои забонҳои миллӣ ва ғайра мебошанд. Дар забоншиносии имруза намудҳои гуногуни Сосиалингвистика (умумӣ, синхронӣ, перспективӣ, ретроспективӣ, ҷузъӣ, муқоисавӣ ва ғайра) ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яке вазифаи муайяни тадқиқотию амалӣ дорад.

Адабиёт: Швейцер А. Д., Современная социолингвистика, Москва, 1976; Дешериев Ю. Д., Социальная лингвистика, Москва, Москва, 1977.      Т. Бердиева.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …