Маълумоти охирин

СОЧҲО

soch

СОЧҲО (sturnidae), як оилаи паррандаҳост аз қатори Рasserifornies. Дарозии танашон 18—43 см, нӯлашон рости нисбатан борик, пойҳояшон боқувват. Парҳояшон зич буда, аксаран ҷилои металлӣ доранд. Дар сӯрохиҳои дарахт, зери санг, биноҳо ва ғайра лона месозанд. Ҳайвонҳои бемӯҳраи хурд ва меваи дарахтҳоро мехӯранд. 104 намудашон маълум аст, асосан дар тропик ва субтропикҳои Нимкураи шарқӣ зиндагӣ мекунанд. Дар СССР 8 ва дар Тоҷикистон 3 намудашон (Сочҳои муқаррарӣ, Сочҳоии гулобӣ ва майна) ба қайд гирифта шудааст. Сочҳои муқаррарӣ (stunusvilgaris) дар ҷангалзо ри кӯҳии қисми ҷанубӣ ва шимолии Тоҷикистон паҳн шудааст. Дар биноҳо ва баъзан ковокиҳои дарахт лона сохта, 5—6 дона тухм мегузорад. Баъди 14—15 рӯз аз тухм чӯҷа мебарояд. Сочҳои  г у л о б ӣ (Раstorroseus) ба Тоҷикистон охирҳои апрел аз Ҳиндустон парида омада, дар ҷойҳои санглохи қаторкӯҳҳои Қаротегин, Ҳисор, Туркистон, инчунин ҷариҳои баланди ҷангалдори қисми ҷанубии республика лона месозад. Баъди баровардани чӯҷа охирҳои август ва сентябр парида меравад.

Адабиёт: Портеяко Л. А., Птицы СССР, часть. 4, 1960; Абдусалимов И. А„ Фауна Таджикской ССР, том 19, 2 Птицы, 1973.         И. А. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …