Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБОЛЕВ Владимир Степанович

СОБОЛЕВ Владимир Степанович

sobolev-vladimir

СОБОЛЕВ Владимир Степанович (таваллудаш 30. 5. 1908, Луганск, ҳозира Ворошиловград —2. 9. 1982, Новосибирск), геологи советӣ, олими соҳаи минералогия ва петрография, академики АФ СССР (1958), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ. Асарҳои асосии Соболев бо тадқиқи ҷинсҳои магмавӣ ва метаморфии платформаи Сибир ва Украина алоқаманданд. Соболев дар ҳалли проблемаҳои минералогияи умумӣ ва минералогияи силикатҳо, петролюгияи назариявӣ, просессҳои ҳосилшавии минералҳо, магматизм ва метаморфизм саҳми арзанда гузошт. Ӯ яке аз муаллифони харитаи (масштабаш 1: 2500 000) фасияҳои метаморфии СССР (1966) ва Европа (1974) мебошад. Соболев аъзоя фахрии ҷамъиятҳои геологии хориҷӣ (Чехословакия, Венгрия, Булғория) ва аз соли 1974 президенти Ассосиатсияи байналхалқии минералогист. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1950) ва ленинӣ (1976). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …