Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБОЛЕВ Сергей Львович

СОБОЛЕВ Сергей Львович

sobolev_sergey_lvovich

СОБОЛЕВ Сергей Львович (таваллудаш 6. 10. 1908, Петербург), математик ва механики советӣ, академики АФ СССР  (1939; аъзо-корреспондент 1933), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Аъзои КПСС аз соли 1940. Баъди хатми Университети давлатии Ленинград (1929) аввал дар Институи сейсмологияи АФ СССР, баъд дар Институти математикаи АФ СССР ба номи В. А. Стеклов (1932—43), Институти энергияи атом (1943—57) кор кард. Солҳои 1935—57 профессори Университети давлатии Москва. Аз 1957 директори Институти математикаи шӯъбаи сибирии АФ СССР ва профессори Университети давлатии Новосибирск. Соболев усули нави ҳалли муодилаҳои гипероолии ҳосилаҳояшон хусусиро пешниҳод кардааст. Бо ҳамроҳии В. И. Смирнов усули функсионалию инвариантии ҳалли масъалаҳои динамикии лаппишҳои муҳити табақавиро кор карда баромад. Мафҳуми синфи фазоҳои функсионалиро ҷорӣ намуд, ки дар илм бо номи фазои Соболев маъмул шуд. Дар соҳаи математикаи ҳисоббарорӣ мафҳуми сарбастани алгоритмҳои ҳисоббарориро баён намуд ва меъёри хатоҳои формулаҳои кубатуриро аниқ муайян кард. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1941, 1951, 1953). Бо 7 ордени Ленин, ду ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудаасг.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …