Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБИРОВ Қодир Собирович

СОБИРОВ Қодир Собирович

СОБИРОВ Қодир Собирович (7. 9. 1924, деҳаи Қистакӯзи райони Хуҷанд —9. 9. 1974, шаҳри Душанбе), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа (1970), профессор (1973). Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1948. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардааст (1948). соли 1948—49 муаллими калон, баъд мудири ка- федраи асосҳои марксизм-ленинизми Институти муаллимии вилояти Кӯлоб. Солҳои 1949—51 мудири гурӯҳи лекторони Комитети вилоятии Кӯлоб ва муаллими калони кафедраи асосҳои марксизм-лениниэми Институти муаллимии Кӯлоб. Солҳои 1951—54 аспиранти Шӯъбаи фалсафаи АФ Тоҷикистон. Солҳои 1955—58 мудири кафедраи марксизм- ленинизми Институти давлатии педагогии Кӯлоб. Солҳои 1958—62 мудири сектори материализми таърихии Шӯъбаи фалсафаи АФ Тоҷикистон. Соли 1962  досенти кафедраи таърихи КПСС, солҳои 1963—70 дотсенти кафедраи коммунизми илмии УДТ ва аз соли 1971 мудири кафедраи коммунизми илмии донишкадаи мазкур буд. Тадқиқоти илмиаш ба масъалаҳои актуалии материализми таърихӣ, таърихи КПСС ва коммунизми илмӣ, алалхусус ба ташаккул ва инкишофи миллатҳои сотсиалистии Шарқи Советӣ оиданд. Бо ордени «Ситораи Сурх», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

Асарҳо: Ташаккул ва иннишофи миллат- ҳои социалистии Шарқи Советй, Душанбе, 1964; Таджикская социалистическая нация— детище Октября, Душанбе, 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …