Маълумоти охирин

СОБУН

soap

  СОБУН, намакҳои кислотаҳои чарбии калонмолекула (нигаред Кислотаҳои карбон). Дар истеҳсолот ва рӯзгор омехтаи намакҳои дар об ҳалшавандаи кислотаҳои карбониро бо баъзе моддаҳои дигар, ки дорои хосияти тозакунианд, Собун (ё Собуни молӣ) меномаид. Асоси ин омехтаҳоро одатан намакҳои натрийдори (баъзан калий ва аммоний) кислотаҳои чарбии сер ва носере, ки дар молекулаашон 12—18 атоми карбон доранд (стеарин, палмитин, миристин, лаурин ва олеин), ташкил медиҳанд. Аксар намакҳои кислотаҳои нафтенӣ ва зифтро ба Собун мансуб медонанд. Бино ба маълумоти Плинии калон ҳанӯз галлҳо ва римиҳои қадим хокистари растанӣ, оҳак ва ишқорҳои табииро бо чарбу омехта Собун тайёр менамуданд. Баъзе маълумотҳо оид ба Собун дар асарҳои духтури римӣ Гален (асри 2 милод) низ дида мешаванд. Вале Собунро чун воситаҳои козурӣ нисбатан баъдтар истифода мебурдагӣ шуданд. Саноати собунпазӣ асри 19 бунёд гардид. Саноати собунпазии ҳозира навъҳош гуногуни Собунро тайёр мекунанд. Аз ҷиҳати истифода Собунҳо се хел (Собунии ҷомашӯӣ, Собунии дастшӯӣ ва Собуни техникӣ) ва аз ҷиҳати консистенсия бошад, онҳо сахт, моеъ, перм ва хокамонанд мешаванд.

soap1

Собунро бо роҳи ба чарбуҳои нейтралн таъсир намудани ишқори хӯранда ё нейтрализатсияи кислотаҳои чарбӣ бо ишқорҳои хӯранда ё худ карбонатдор ҳосил мекунанд. Ашёи асосии истеҳсоли Собун  чарбуи ҳайвоноту растаниҳо, кислогаи чарбии синтезӣ, канифол, кислотаҳои нафтенӣ ва ғайра мебошанд. Дар обҳои дурушт қобилияти шӯяндагиаш суст мешавад, чунки дар ин ҳолат намакҳои дар об ҳалнашавандаи калсий ва магний ҳосил мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …