СНЕГИРЕВ Владимир Фёдорович (9. 7. 1847, Москва— 1. 1. 1917, ҳамон ҷо), духтури рус, яке аз асосгузорони илми гинекология дар Россия. Соли 1870 факултети тиббии Университети Москваро хатм кардааст. Аз соли 1884 профессори ҳамин университет. Ӯ касалии гинекологиро фақат касалии узвҳои ҷинсӣ нею, касалии тамоми организм мешуморид. Асарҳои асосии Снегирев ба гинекологияи ҷарроҳӣ оиданд. Ӯ як қатор усулҳои дур кардани тухмдон, бачадон, табобати нуқсҳои инкишофи узвҳои ҷинсии занҳо (масалан, дар вақти дутоги будани бачадону маҳбал ҷарроҳӣ кардани он)-ро кор карда баромадааст. Аввалин дастур оид ба гинекология («Хуншории бачадон», русӣ, 1884), ки ба қалами Снегирев тааллуқ дорад, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Снегирев директор ва ташкилкунандаи аввалин Институти такмили ихтисоси гинекологҳо (1896). Бо ташаббуси ӯ гинекологияро чун фанни таълимӣ ба омӯхтан сар карданд. Снегирев мактаби гинекологҳоро бунёд намуд. Снегирев аъзои фахрӣ ва ҳақиқии бисёр ҷамъиятҳои илмии Россия ва мамлакатҳои хориҷа буд. Клиникаи акушерӣ ва гинекологии Институти 1-уми тиббии Москва номи Снегиревро дорад.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …