Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМУУЛ Юхан

СМУУЛ Юхан

smuul

СМУУЛ (то 1954— Шмуул) Юхан (18. 2. 1922, деҳаи Когуваи ҷазираи Муху—13. 4. 1971, Таллин), нависандаи советии эстон, Нависандаи Халқии РСС Эстония (1965). Аъзои КПСС аз соли 1951. Ашъораш аз ибтидои солҳои 40 нашр шудаанд. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Ҷавонии пурмашаққат» (1946). Дар маҷмӯаи шеърҳои «Бригадаи ҷавонон аз Ярвесуу»  (1948) ва «Барои он ки себҳо гулафшон бошанд» (1951). Смуул  насли ҷдвонро дар меҳнати бунёдкоронаи сотсиалистӣ нишон додааст. Маҷмӯаи «Шеърҳо. Достоиҳо»-и Смуул соли 1952 ба Мукофоти давлатии СССР сазовор гардид. Достони «Ман —комсомол» (1953) аз воқеоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ҳикоят мекунад. Хусусан, рӯзномаи сафари Смуул ба Антарктида «Яхнома» (1958; Мукофоти ленинӣ, 1961; тарҷумаи тоҷикӣ 1971) машҳур аст. Смуул муаллифи песаҳо, китоби ҳаҷвии «Монологҳо »  (1968) ва ғайра мебошад. Раиси Правленияи ИН РСС Эстония (1953—71), котиби Правленияи ИН СССР (1954— 71), Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 5—6) буд. Бо ордени Ленин, ду ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст. Соли 1971 мукофоти ҳарсолаи адабии РСС Эстония ба номи ӯ таъсис ёфтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …