Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМОЛСКИЙ Николай Владиславович

СМОЛСКИЙ Николай Владиславович

smolskiy

СМОЛСКИЙ   Николай Владиславович (7. 10. 1905, деҳаи Наровля, губернияи  Минск —29. 4. 1976, Минск), ботаники советӣ, доктори илмҳои биологӣ (1967), профессор (1969), академики АФ РСС Тоҷикистон (1951) ва АФ РССБ (1969; аъзо-корреспондент 1956), Ходими Хизматнишондодаи илми РСС Белоруссия (1972). Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). 1945—55 директори Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии субтропикаи хушк (шаҳри Душанбе). 1951—52 ноиб-президент, академик — котиби Шӯъбаи илмҳои табиатшиносии АФ РСС Тоҷикистон ва аз соли 1955 директори Боғи ботаникии марказии АФ РСС Белоруссия буд. Смолский дар Тоҷикистон оид ба парвариши зироати ситрусӣ (ӯ яке аз ташаббускорони дар хандақҳо парваридани лиму буд), найшакар, анҷир, анор, гваюла ва ғайра тадқиқот бурдааст. Ӯ бисёр растании хуроки чорво, техникӣ, ороиши ва доруии Белоруссияро омӯхт. Смолский муаллифи 8 монографияю беш аз 90 мақолаи илмист. Лауреати Мукофоти давлатии РСС Белоруссия (1978). Бо ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида  шудааст.

                                                                                                                       А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …