Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМОЛИЧЕВ Евгений Петрович

СМОЛИЧЕВ Евгений Петрович

СМОЛИЧЕВ Евгений Петрович (таваллудаш 28. 6. 1921, шаҳри Чернигов, РСС Украина), патофизиологи советӣ, Ходими Хизматнишондодаи Илми РСС Тоҷикистон (1973), доктори илмҳои тиб (1965), профессор (1966). Аъзои КПСС аз соли 1950. Соли 1944 Институти давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1944—53 аспирант ва ассистенти кафедраи физиологияи нормалӣ; 1953—56 ассистент ва досенти кафедраи патофизиология; 1950—65 иҷрокунандан вазифаи мудири кафедраи патофизиология; 1965 —66 ходими калони илмии Институти радиологияи тиббии АИТ СССР (шаҳри Обнинск). Аз соли 1966 мудири кафедраи патофизиология, дар як вақт (аз соли 1973 то 1984) проректори оид ба корҳои таълими Институти тиббии Тоҷикистон. Тадқиқоти Смоливеч ба масъалаҳои диспротеинемия ҳангоми патологияи эксперименталии ҷигар, касалии шадиди шуоъӣ, таъсироти омилҳои баландкӯҳ ба организм, тағйироти сунъии фишори онкотӣ, инчунин масъалаҳои микросиркулятсия оиданд.

 

Асарҳо: Нарушения белкового состава кроны, Душанбе, 1965.

А. Маҳмадвалиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …