Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СМОЛЕНСК

Вилояти СМОЛЕНСК

СМОЛЕНСК, вилоятест (аз 27 сентябри 1937) дар ҳайати РСФСР. Масоҳаташ 49,8 ҳазор км3. Аҳолиаш 1138 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 65%. 25 район ва 14 шаҳр дорад. Марказаш ш. Смоленск. Вилоят дар минтақаи бешаҳои омехта ҷойгир шудааст. Сатҳи Смоленскро ҳамиюрӣ, теппазор ва баландии Смоленск ишғол кардааст. Ҳарор миёнаи январ —8, —10°С, июл 17—18 0С. Боришоти солона қариб 600 мм. Дарёи асосиаш Днепр. Кӯлҳо бисёранд. Соҳаҳои муҳими саноат: мошинсозӣ (асбобҳо, воситаҳои техникаи ҳисоббарорӣ, лампаҳои электр, таҷҳизот барои саноати сабук ва ғайра), саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ. Смоленск калонтарин ноҳияи зағиркорист. Инчунин гандум, ҷавдор, зироати хӯроки чорво, картошка, сабзавот мекоранд. Асосан гов, хук ва мурғ мепарваранд. Вилоят бо ордени Ленин (1958) мукофотонида шудааст.

smolfoto

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …