Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СМОЛЕНСК

Шаҳри СМОЛЕНСК

smolensk-city

 СМОЛЕНСК, шаҳр, маркази вилояти Смоленски РСФСР. Узели роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард. Бандар дар дарёи Днепр. Аҳолиаш 326 ҳазор нафар (1984). Смоленск бештар аз 40% маҳсулоти умумии саноати вилоятро медиҳад. Соҳаҳои асосии саноаташ: мошинсозӣ (иттиҳодияи «Аналитприбор», заводҳои авиатсия, «Измеритель» ва ғайра) ва саноати сабук. Ёдгориҳои меъмориаш: қалъаи Смоленск (1595—1602), калисои ҷомеи Успенский (1677—79), калисои Пётр ва Павел (1146), Ивани Богослов (асри 12) ва ғайра Смоленск аз соли 863 маълум аст. Смоленск 1966 бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1) ва соли 1983 бо ордени Ленин мукофотонида шудаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …