Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИРНОВА Олга Ивановна

СМИРНОВА Олга Ивановна

  СМИРНОВА Олга Ивановна (15. 3. 1910, Петергоф—1982, Ленинград), эроншинос, мутахассиси таърих, сиккашиносӣ, топографияи таърихӣ ва топонимикаи Суғд. Аз оилаи хизматчии ҳарбӣ. Институти таърих, филология ва забоншиносии Ленинградро (1934) хатм карда, минбаъд дар Эрмитажи Давлатӣ (1934 —35), Институти шарқшиносии АФ СССР (1935—48) ва Университети Ленинград (1945—47) кор кардааст. Соли 1946 дар тадқиқи археология, топографияи таърихӣ ва топонимикаи таърихии Тоҷикистон иштирок намуда, ба корҳои иктишофии отрядҳои Экспедитсияи археологии Тоҷикистон дар болооби Зарафшон ва атрофи Уротеппа (1947—50) роҳбарӣ кард. Смирнова яке аз муҳаққиқони Ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ мебошад. Бештар аз 40 сол ба тадқиқи тангаҳои Суғд машғул буд. Асарҳои Смирнова ба ҳалли масъалаҳои гуногуни сиккашиносӣ ва таърихи Суғд, масъалаҳои таърихи иқтисодиёт, сиёсат, топография ва топонимикаи таърихӣ, инчунин картографияи ибтидои асрҳои миёнаи Осиёи Миёна ва ғайра оиданд. Смирнов муаллифи бештар аз 90 асари илмӣ буда, дар конгрессу конференсияҳои байналхалқию регионали, аз ҷумла дар Конгресси 25-уми байналхалқии шарқшиносон (Москва, 1960) иштирок кардааст. Смирнов дар тайёр намудани кадрҳои илмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон саҳми арзандае дорад. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.

 

Асарҳо: Каталог монет с городища Пенджикент (материалы 1949—56 года.), Москва, 1963; Согдийские документы с горы Муг,

Век 3. Хозяйственные документы (ҳамроҳи М. Н. Воголюбов), Москва, 1963; Очерки из истории Согда, Москва, 1973; Каталог монет с городища Пенджикент (материалы 1957—63 года.), Москва, 1980.

Н. Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …