Главная / Гуногун / СМИРНОВА Ольга Михайловна

СМИРНОВА Ольга Михайловна

СМИРНОВА Ольга Михайловна (таваллудаш 24. 7. 1911, Архангелск), актрисаи советӣ, Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1969). Аз оилаи хизматчӣ. Дар студияи истеҳсолии назди Севбаскомвод таҳсил кардааст. Баъди хатми студия солҳои 30 дар Театри тарғиботии «Зубило», Театри коргарии кишварӣ, Театри тамошобини ҷавони Архангелск, Театри драмаи Ставропол (ҳама дар кишвари  Отавропол) кор кардааст. Соли 1940 ба Тоҷикистон омада, ба ҳайати Театри драмаи русии ба номи Маяковский қабул шуд ва то ҳол дар саҳнаи он ҳунарнамоӣ мекунад. Смирнова дар ин ҷо қариб 150 рол офаридааст. Ролҳои беҳтарини Смирнова: Мадам Ксидиас («Интервенция»-и Славин), Анна Павловна («Майити зинда» -и Л. Толстой), Матилда («Парии хонагӣ»-и Э. Вильде), Дунка («Любовь Яровая»-и К. Тренёв), хонум Тулипан («Муфтхӯрон»-и  Г. Чики) ва ғайра. Смирнова дар якчанд мактаби шаҳри Душанбе кружоки драма кушод. Смирнова бо якчанд Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, Вазорати маданияти СССР, Президиуми КМ иттифоқҳои касабаи коркунони маданияти СССР ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.