Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИРНОВ Владимир Иванович

СМИРНОВ Владимир Иванович

smirniv-alexandr

СМИРНОВ Владимир Иванович (таваллудаш 31. 1. 1910, Москва), геологи советӣ, академики АФ СССР (1962; аъзо- корреспондент 1958). Қақрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980). Аъзои КПСС аз 1940. Баъди хатми Институти икиншофи геологии Москва (1934) дар Экспедитсияи Помир ва ноҳияҳои дигари Тоҷикистон (1934—37) ва дар як вақт дар Институти иктишофи геологии Москва (1934-41 ва 1944— 49; аз 1946 профессор) кор кард. Смирнов дар комбинати симоби Ҳайдаркони Осиёи  Миёна сартеолог (1941—44), раиси Комиссияи умумииттифоқӣ оид ба захираи сарватҳои зеризаминӣ (1946—49) ва ҷонишини вазири геологияи СССР (1946—51  солҳои 1949—52 профессори Институти металлҳои ранга ва тиллои Москва, аз 1951 профессори Университети Москва (аз 1952 мудири кафедраи сарватҳои зеризаминӣ) буд. Асарҳои асосиаш ба тадқиқи геологияи конҳои маъдан ва усули ҷустуҷӯи конҳо оиданд. Академик— котиби Шӯъбаи геология, геофизика, геохимия ва аъзои Президиуми АФ СССР (1969—75), ноиб-президенти Ассосиатсияи байналхалқӣ оид ба пайдоиши конҳои маъдан (аз 1964) ва Иттифоқи байналхалқии илмҳои геология (аз 1968) мебошад. Ӯ аъзои Академияи фанҳо ва санъати Сербу Хорват, Лауреати Мукофоти ленинӣ (1962) аст. Бо 2 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

 

Асарҳо. Геология ртутных месторождений Средней Азии, Москва, 1947; Геология полезных ископаемых, 2 изд. Москва, 1969.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …