Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИРНОВ Владимир Иванович

СМИРНОВ Владимир Иванович

smirnov-math

СМИРНОВ Владимир Иванович (10.6.1887, Петербург—11. 2. 1974, Лениград), математики советӣ, академики АФ СССР (1943; аъзо – корреспондент 1932). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967). Университети Петроградро хатм кардааст (1910) ва аз соли 1915 профессори ҳамин университет. Солҳои 1912—30 профессори  Институти роҳи оҳани Петроград (Ленинград), солҳои 1929— 1935 дар институтҳои сейсмология ва математикаи АФ СССР кор кардааст. Асарҳояш асосан ба назарияи функсияҳои тағйирёбандаҳояш комплексӣ оиданд. Бо С. Л. Соболев усули нави ҳалли баъзе масъалаҳои дар муҳитҳои чандир паҳн шудани мавҷҳоро пеш ниҳод. Муаллифи китоби дарсии «Курси математикаи олӣ» (ҷилди 1—5, 1924—47). Математикони маъруфи советӣ Г. М. Голузин, И. А. Лаппо-Данилевский, С. Л. Соболев аз зумраи шогирдони Смирнов мебошанд. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1948). Бо 4 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …