Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЛЮНКОВ Николай Никитович

СЛЮНКОВ Николай Никитович

slyunkov

СЛЮНКОВ Николай Никитович (таваллудаш 26. 4. 1929, деҳаи Городеси райони Рогачеви вилояти Гомел), ходими партиявӣ ва давлатии советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974), Коркуни Хизматнишондодаи Саноати РСС Белоруссия (1972). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1954. Институти механизатсияи хоҷагии қишлоқи Белоруссияро хатм намудааст (1962). Аз соли 1950 дар заводи тракторбарории Минск ёрдамчии усто, усто, сардори сех, раиси Комитети иттифоқи касабаи завод шуда кор кардааст. Солҳои 1960—65 дироктори заводи қисмҳои эҳтиётӣ дар шаҳри Минск, минбаъд то соли 1972 директори заводи тракторбарории Минск, директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии тракторбарории Минск. Соли 1972 котиби якуми Комитети партиявии шаҳри  Минск интихоб шуд. Солҳои 1974—83 ҷонишини раиси Комитети давлатии планкашӣ (Госплан)-и СССР, 1983—86 котиби якуми КМ ПКБ. Аз январи 1987 котиби КМ КПСС Номзад ба аъзоӣ (аз 1986), аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС (аз январи 19874. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 7, 10, 11) ва Совети Олии РСС Белоруссия (даъватҳои 7, 10, 11). Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1971). Бо ду ордени Ленин, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …