Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЛОНИМСКИЙ Анатолий Григоревич

СЛОНИМСКИЙ Анатолий Григоревич

СЛОНИМСКИЙ Анатолий Григоревич (таваллудаш  5. 11. 1919. Калуга), муаррихи советӣ, доктори илмҳои таърих (1978). Профессор (1981). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1943. Слонимский 1946 факултети таърихи Университети Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кард. 1947—50 аспиранти хамон университет. Соли 1951 дотсент, аз соли 1966 мудири  кафедраи таърихи наву навтарини УДТ. Тадқиқоти Слонимский ба масъалаҳои таърихи маданият, кризиси афкори таърихии буржуазӣ ва таърихи партияҳои ғайрипролетарӣ дар Россия ва ғайра оид аст. Ӯ муаллифи бештар аз 40 асару мақолаҳои илмист. Слонимский аъзои як қатор шӯроҳои илмӣ, аз ҷумла Шӯрои илмӣ-техникии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси РСС Тоҷикистон мебошад. Бо ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 2) ва 8 медал мукофотонида шудааст.

 

Асарҳо: А. М. Горький в борьбе за создание советской интеллигенции и годы иностранной военной интервенции и гражданской войны. Сталинабад, 1956; Катастрофа русского либерализма. Прогрессивный блок накануне и во время февральской революции 1917 года, Душанбе, 1977.

Я. Мирзоев

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …