Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СЛАВЯНОФИЛҲО

СЛАВЯНОФИЛҲО

slavyanofili

СЛАВЯНОФИЛҲО, яке аз ҷараёнҳои афкори ҷамъиятии рус дар миёнаи асри 19, ки дар шароити кризиси крепостнойчигӣ ба вуҷуд омада буд. Славянофилҳо манфиатҳои помешикони буржуашударо ифода мекарданд, тарафдорони ислоҳоти буржуазӣ буданд, вале «назария»-и роҳи махсуси тараққиёти таърихии Россияро пешниҳод нардаанд. Онҳо мамлакати ба худ хос будани Россияро дар он медиданд, ки гӯё дар Россия муборизаи синфӣ набудааст ва ба ин мамлакат танҳо ҷамоа ва православияро хос медонистанд. Ба ҳаракати револютсионӣ назари душманона доштанд. Намояндагони асосии славянофилҳо А. С. Хомяков, бародарон И. В. ва П. В. Киреевскийҳо, бародарон К. С. ва И. С. Аксаковҳо, Ю. Ф. Самарин ва дигарон буданд. Славянофилҳо дар масъалаи деҳқонон дар мавқеи либералӣ истода, тарафдори он буданд, ки мутлақият ва заминдории помешикӣ боқӣ монанд, деҳқонон щахсан озод гарданд ва ба онҳо замин фурӯхта шавад. Дар  муборизаи ҷамъиятию идеявии солҳои 30—50 асри 19 Славянофилҳо ба муқобилати ғарбчиён (онҳо тарафдорони бо роҳи мамлакатҳои Ғарб тараққӣ кардани Россия буданд) дучор шудааст. Ба Славянофилҳо идеологияи револютсионерони демократ — В. Г. Белинский, А. И. Герсен ва дигарон муқобил меистод.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …