Маълумоти охирин
Главная / Техника / «СКАЙЛЭБ»

«СКАЙЛЭБ»

skylab

 «СКАЙЛЭБ» (англисӣ, лабораторияи осмонӣ), номи нахустин стансияи мадории маснуии америкоист; барномаи техникии «Скайлэб» солҳои 1973—74 ба амал бароварда шудааст. Аввалин стансияи «Скайлэб» ба мадори геосентрӣ 14 маи 1973 бароварда шуд. Барои ба «Скайлэб» бурдану овардани экипаж киштии нақлиётии «Аполлон» истифода бурда шуд. Дар борти «Скайлэб» аппаратураҳое мавҷуд буданд, ки барои тадқиқи фазои кайҳон, тадқиқоти тиббию биологӣ ва техникӣ, ҳалли масъалаҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд. 25 маи 1973 ба мадор киштии «Алполлон» бо экипажи якуми «Скайлэб» (Ч. Конрад, П. Вейс ва Ҷ. Кервии) бароварда шуд. Баъди бо стансия қӯш шудани киштӣ Экипаж дар борти «Скайлэб» 28 шаборӯз кор кард.

  28 июли 1973 бо киштии «Аполлон» экипажи дуюм (А. Бин, 0. Гэрриот ва Ҷ. Лусма) ба кайҳон парвоз кард. Ин дафъа экипаж дар стансияи «Скайлэб» 59 шаборӯз тадқиқот гузронд.

  Экипажи сеюм (Ҷ. Карр, У. Поуг ва Э. Гибоон) бо киштии «Аполлон» ба сӯи стансияи «Скайлэб» 16 ноябри 1973 равона шуд. Ин дафъа парвози якҷоя 84 шаборӯз давом кард, ки он вақт (соли 1974) парвози рекордӣ ҳисоб мешуд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …