Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович

skvorsov-stepanov

СКВОРСОВ – СТЕПАНОВ Иван Иванович (фамилия Скворсов, лақаби адабиаш — И. Степанов); 08. 03. 1870, Богородск, ҳоло Ногинск, вилояти Москва—08. 10. 1928, Сочи), ходими давлатӣ ва партиявии совети, муаррих, иқтисодчӣ. Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои Партияи коммунистӣ аз соли 1896. Соли 1890 Институти муаллимии Москваро хатм намуд. Дар Москва муаллим шуда кор кард. Дар ҳаракати револютсионӣ аз соли 1891 иштирок намуд. Скворсов 1905 аъзои гурӯҳи адабию лектории Комитети москвагии РСДРП. Вакили Съезди 4-уми РСДРП (1906) аз ташкилоти партиявии Москва. Солҳои 1907 ва 1911 болшевикҳо Скворсов— Степановро ба Думаи давлатӣ номзад пешниҳод карданд. Солҳои 1914 —17 дар Москва кори партиявӣ мебурд. Баъди Револютсияи феврали 1917 муҳаррири газетаи «Известия». Рӯзҳои октябрии 1917 аъзои Комитети ҳарбии револютсионӣ дар шаҳри Москва. Ба ҳайати якуми Ҳукумати Советӣ дохил гардид, комиссари халқии молия буд. Солҳои 1925—1927 муҳаррири масъули газетаи «Известияи Комитети Иҷроияи Марказӣ СССР ва Комитети Иҷроияи Маркази Умумиросоия», аз соли 1927 ҷонишини муҳаррири масъули газетаи «Правда», дар як вақт аз соли 1926 директори Институти В. И. Ленин дар назди Комитети Марказӣ ВКП(б). Аъзои Президиуми Академияи каммунистӣ, аъзои Сарредаксияи Энсиклопедияи Калони Советӣ буд. Вакили съездҳои 10—15-уми партия; дар съездҳои 10—13-ум аъзои Комиссияи марказии тафтишоти РКП(б), дар съездҳои 14—15-ум аъзои Комитети Марказӣ ВКП(б) интихоб шуд. Аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия ва Комитети Иҷроияи Марказии СССР буд.

  Скворсов – Степанов— муаллифи асарҳо доир ба ҳаракати револютсионӣ, иқтисоди сиёсӣ, назарияи атеизми илмӣ ва ғайра мебошад. Тарҷумон ва муҳаррири нашри русии «Капитал»-и К. Маркс (ҷилдҳои 1 — 3, 1920). Китоби Скворсов – Степанов «Электронидани РСФСР дар давраи гузариши хоҷагии ҷаҳонӣ» (1922) сазовори баҳои баланди В. И. Ленин гардид. Дар Майдони Сурх дар назди девори Кремл дафн шудааст.

 

Асарҳо: Избранное производства, т. 1—2, (Москва—Лондон, 1930—1931; Избрбранное атеистические производство, Москва, 1959; Избранное, Москва, 1970.

 

Адабиёт: Подляшук П., Иван Иванович, Москва, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …