Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СКОПЕ

Шаҳри СКОПЕ

СКОПЕ , Скопле  шаҳрест дар ҷануби Югославия, пойтахти Республикаи Сотсиалистии Македония. Дар соҳили дарёи Вардар воқеъ аст. Аҳолиаш 460 ҳазор  нафар (1977). Узели муҳими нақлиёт. Корхонаҳои саноати тамоку (калонтарин дар Югославия), пивопазӣ, консерви меваю сабзавот, ордкашӣ, гӯшт, собунпазӣ, чарму пойафзол, бофандагӣ, металлургӣ, истеҳсоли маснуоти алюминӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, саноати химия, шиша, семент, мебел дорад. Косибӣ, махсусан қолинбофӣ ривоҷ ёфтаяст. Дар Скопе Академияи илму санъати Македония, Академияи педагогӣ, университети театр ва ғайра мавҷуданд. Скопе дар асри 6 дар наздикии шаҳри бостонии Скупи бунёд ёфтааст.

skopje

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …