Маълумоти охирин
Главная / Биология / СКОЛИОЗ

СКОЛИОЗ

skolioz

СКОЛИОЗ (юнонӣ — каҷшавӣ, каҷ), ба рост ва ё чап каҷ шудани сутунмӯҳраи одамро гуянд. Одатан дар кӯдакӣ (5— 15 солагӣ) ба амал меояд. Рахит, лат хӯрдани сутунмӯҳра, баъзе бемориҳои системаи асаб ва ғайра боиси Сколиоз мегарданд. Сколиоз дар натиҷаи дар парта нодуруст нишастан (Сколиози мактабӣ) низ пайдо мешавад.

Пешгирӣ: бартараф намудани сабабҳои асосии Сколиоз; ҳангоми сохтани мебелҳои кӯдакона ба назар гирифтани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба кӯдакон дуруст омӯхтани қоидаҳои нишаст; шиноварӣ, гимнастикаи шифоӣ ва ғайра

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …