Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович

СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович

skochinsky

СКОЧИНСКИЙ Александр Алексавдрович (13. 7. 1874, деҳаи Олёкма, ҳозира РАСС Ёқутутистон— 6. 10. 1960, Москва), олими советӣ дар соҳаи кӯҳкорӣ, академики АФ СССР (1935), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1954). Корҳои илмии Скочинский асосан ба проблемаҳои аэрологияи конҳо бахшида шудаанд ва масъалаҳои бехатариву ба вуҷуд овардани шароитҳои бароҳати истеҳсолиро ҳангоми коркарди зеризаминии маъданҳо дар бар мегиранд. Скочинский назарияи режимҳои аэродинамикии зидди чангро бунёд гузошт, усулҳои тадқиқи масоманокӣ ва дигар хосиятҳои конҳои ангиштро кор кард, мавҷудияти метанро дар таркиби ангиштҳо муайян намуд. Скочинский мушовири корхонаҳои Донбасс, Урал, Куэбасс, Қазоқистон оид ба кӯҳкорӣ, инчунин сохтмони Метрополитени Москва буд. Лауреати Мукофотҳои давлатии СССР (1950, 1951). Бо 5 ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …