Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович

СКОБЕЛСИН Дмитрий Владимирович (таваллудаш 24. 11. 1892, Петербург), физики советӣ, академики АФ СССР (1946; аъзо –корреспондент 1939), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969). Баъди хатми Университети Петроград (1915) дар институтҳои политехникӣ (1916—37), физикаю техникаи (1925—39) Ленинград кор кард. Директори Институти физикаи АФ СССР (1951—72) буд. Солҳои 1929—31 дар лабораторияи М. Склодовская-Кюри тадқиқот бурд. Асарҳояш асосан ба физикаи ядрои атом ва физикаи нурҳои кайҳонӣ оиданд. Мактаби Мутахассисони физикаи ядрои атом ва физикаи шуоъҳои кайҳониро бунъёд кард. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 4—8). С-олҳои 1950—74 раиси Комитети Мукофотҳои байналхалқии ленинӣ «Барои мустаҳкам намудани сулҳи байни халқҳо» буд. Лауреати Мукофоти давлатӣ (1951). Бо 6 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …