Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич

skobelev

СКОБЕЛЕВ Михаил Дмитриевич (29. 9. 1843, Петербург — 7. 7. 1882, Москва), ходими ҳарбии рус, генерал аз инфактерия (1881). Аз оилаи офисер. Баъди хатми Академияи Штаби генералии Николаев (1868) ӯро дар рутбаи штабс – ротмистр ба Окрути ҳарбии Туркистон фиристоданд. Соли 1872 ба Штаби генералӣ таъин мегардад, соли 1873 дар рутбаи подполковник ҳангоми юриши Хева ба отряди Манқишлоқ дохил мешавад. Дар фурӯ нишондани шӯриши Хӯқанд (1873—76) иштирок кард. Соли 1875 Скобелевро ба ихтиёри генерал- губернатори Туркистон мефиристанд.

  Соли 1876 ба Экспедитсияи илмии Помиру Олой роҳбарӣ намуд. Аъзоёни он доир ба Помир ва водии қаторкӯҳҳои Олой мақолаҳои ҷолиби диққат навиштанд, коллексияи энтомологӣ ҷамъ карданд. Аз феврали 1876 губернатори ҳарбии вилояти Фарғона таъин шуда, дар Осиёи Миёна сиёсати мустамликадории мутлақиятро ҷорӣ кард. Иштирокчии ҷанги Россияю Туркия (1877—78). Солҳои 1878—80 фармондеҳи корпус буд. 1880—81 Экспедитсияи дуюми ҳарбии Ахалтекянро роҳбарӣ кард.

                                                                                       Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …