Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария

sklovadovskaya

СКЛОДОВСКАЯ-КЮРИ Мария (7. 11. 1867, Варшава —4. 7. 1934, Сансолмо), физик ва химик; яке аз муаллифони таълимоти физикист оид ба радиоактивият. Миллаташ поляк. Баъд аз хатми Университети Париж (1895) ба П. Кюри ба шавҳар баромад ва дар лабораторияи ӯ кор кард. Соли 1903 дар мавзӯи «Тадқиқи моддаҳои радиоактив» рисолаи докторӣ ҳимоя намуд. Профессори Университети Париж (аз соли 1906). Роҳбари шӯъбаи физика ва математикаи Институти радий дар Париж (аз соли 1914). Асосан моддаҳои радиоактивро омӯхтааст. Бо ҳамкории П. Кюри ду элементи нави химиявӣ — полоний ва радийро кашф кард (1898). Таъсири нури радий ба модда ва усулҳои ҳосил кардани радийро пешниҳод кард. Склодовская – Кюри аввалин занест, ки ба аъзогии Академияи тиббии Париж интихоб шудааст (1922). Ду карат лауреати Мукофоти нобелӣ (1903, 1911). Аъзо-корреспондент АФ Петербург (1907) ва аъзои фахрии АФ СССР (1926). Солҳои 1923—1934 директори фахрии Институти радийи Варшава буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …