Маълумоти охирин
Главная / Биология / СКЛЕРОЗ

СКЛЕРОЗ

СКЛЕРОЗ (аз юнонӣ sklerosis — сахтшавӣ), тасаллуб, инъисоб, салабот, зичшавии бофтаи пайвандии ягон узви бадани одам ва ҳайвонро гӯянд. Дар натиҷаи Склерозии узв ҷузъҳои муҳими лаҳима (паренхима) нобуд шуда, ҷои онҳоро бофтаи пайвандии дағалнах мегирад; баъзан дар он амилоид, гиалип, оҳак ва ғайра таҳшин мешавад. Ин ҳолат одатан дар натиҷаи афзоиши ҳуҷайраҳои бофтаи пайвандӣ — фибробластҳо ва аз онҳо муттасил ҳосил шудани молекулаҳои коллаген ба вуҷуд меояд. Сабаби нобудшавии ҷузъҳои лаҳима ҳангоми Склероз илтиҳоби музмин (сил, тарбод, сифилис ва ғайра), вайроншавии гардиши хун бозистодани хун дар венаҳо), мубодилаи моддаҳо ва ғайра мебошад. Нигаред низ Атеросклероз, Кардиосклероз, Нефросклероз.

skleroz

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …