Маълумоти охирин
Главная / Биология / СКЛЕРОМА

СКЛЕРОМА

skleroma

СКЛЕРОМА (skleroma — сахтшавӣ), бемории сироятии музмини роҳҳои нафаскашии одам. Барангезандааш басиллаи Фриш-Волкович мебошад, ки ҳангоми бо он сироят ёфтан дар пардаи луобии бинӣ ва баъд дар ҳалқум ва хирной хессаҳои (инфилтратҳои) сахт пайдо мешаванд. Рӯзҳои аввали беморӣ оби бинӣ хушк шуда, карахш мебандад. Ҳангоми иллатёбии ҳалқум овоз гирифта, баробари зиёдшавии хессаҳо тадриҷан нафаскашӣ душвор мегардад, баъзан сӯрохи бинӣ маҳкам ва равзани ҳалқуму хирной якбора танг мешавад. Роҳҳои сирояти Склерома  алҳол маълум нест ва муолиҷаи махсуси он вуҷуд надорад. Истифодаи антибиотикҳо ва рентгенотерапия дар муолиҷаи Склерома самарабахшанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …