Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКИФҲО

СКИФҲО

skifho

СКИФҲО (юнонӣ ), номи умумии аҳолии асосии Назди баҳри сиёҳи Шимолӣ дар асрҳои 7—3 то милод, ки аз қабилаҳои хеши гурӯҳи забонҳои эронии оилаи ҳиндуевропоӣ иборат буд. Мувофиқи маълумоти Геродот Скифҳо аввал дар Осиё зиндагӣ карда, асри 7 то милод ба Назди баҳри сиёҳи Шимолӣ омада, аз ин ҷо киммериҳоро танг карда бароварданд. Скифҳо ба Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин юришҳо ташкил менамуданд ва дар Осиёи Пеш ҳукмрон буданд. Ибтидот асри 6 то милод ба Назди баҳри сиёҳи Шимолӣ баргашта ошӯбҳои қабилаҳои маҳаллиро пахш намуданд. Дар байни дарёҳои Дон ва Дунай, дар Қрим сокин буданд. Скифҳои бодиянишин дар соҳили рости Днепри Поён ва Қрим, Скифҳои деҳқон дар поёноби Днепр, ҳавзаи Днестр ва Буг зиндагӣ мекарданд. Мувофиқи маълумоти Геродот Скифҳои подшоҳӣ, ки дар даштҳои байни Днепр ва Дон зиндагӣ мекарданд, табақаи ҳукмрон буданд. Скифҳо бо шаҳрҳо — мулкҳои юнонии Назди баҳри сиёҳ алоқаи тиҷоратӣ доштапд: галла, мӯина, чорво, ғуломонро ба шароб, равғани растанӣ, зеварот иваз мекарданд. Скифҳо оҳан, биринҷӣ, тилло истеҳсол ва маснуот тайёр мекарданд, бо кулолӣ машғул буданд. Дар асри 5 то милод байни Скифҳо демократияи ҳарбӣ ҳукмрон буд, ки он ба давлат табдил меёфт. Ҳокимияти пешвоён дар асри 5 то милод хеле калон ва меросӣ буд. Дар асрҳои 3—2 то милод сарматҳо Скифҳоро ба танг оварданд. Қаламравии онҳо бо даштҳои Қрим ва Днепри Поён маҳдуд гардид. Минбаъд номи Скифҳо моҳияти этникии худро гум кард. Скифҳо дар Шарқ чун сакоиҳо машҳуранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …