Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио

СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио

skiaparelli

 СКИАПАРЕЛЛИ Ҷованни Вирҷинио (14. 03. 1835, Савиляно, Пемонт —04.0 7. 1910, Милан), астрономи италиявӣ. Ҳамчун тадқиқотҷии сайёраи Миррих машҳур аст: дар Миррих шабакаи хатҳои борики рост («каналҳо»)-ро ошкор сохт (1877). Дар асоси ин кашфиёташ фарзияе пеш ниҳод, ки гуё «каналҳо» иншоотҳои сунъӣ бошанд. Ин фаразияро ҳеҷ кас дастгирӣ накард. Скиапарелли солҳои зиёд сайёраҳои Аторуд ва Зӯҳраро мушоҳида намудааст. Бо таърихи астрономия ва тадқиқи ситораҳои дуқӯша, математика ва метеорология низ машғул шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …