Главная / Гуногун / СКАЗКИН Сергей Данилович

СКАЗКИН Сергей Данилович

skazkin

  СКАЗКИН Сергей Данилович (19. 10. 1890, Новочеркасск —14. 4. 1973, Москва), муаррихи советӣ, акадимики АФ СССР (1958), аъзои ҳақиқии АФП СССР (1947), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1970). Соли 1915 Ун-иверситети Москваро хатм намуд. Аз соли 1920 дар Университети Москва дарс додааст, 1949 роҳбари кафедраи таърихи асрҳои миёнаи Университети Москва ва аз 1962 мудири сектори таърихи асрҳои миёнаи Институти таърихи АФ СССР (аз 1968 Институти таърихи умумии АФ СССР). Тадқиқоти Сказкин асосан ба масъалаҳои таърихи асрҳои миёна (муносибатҳои аграрӣ, таърихи деҳқонони Европаи Ғарбӣ, хусусан деҳқонони Франсияи асрҳои 16—18, ҳаракатҳои бидъатпарастӣ, мутлақият, Эҳё ва ғайра) оид буда, доир ба таърихи нави мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва таърихи муносибатҳои байналхалқӣ низ асарҳо дорад. Муаллиф ва муҳаррири китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ оид ба таърихи асрҳои миёна, яке аз муаллифони асарҳои коллективонаи «Таърихи дипломатия» (ҷилди 1, 1941 ва 1959), «Таърихи умумиҷаҳонӣ» (ҷилди 3, 1957; ҷилди 4, 1958), «Таърихи Франсия» (ҷ. 1, 1972) мебошад. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942). Бо 2 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.