Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКАРНҲО

СКАРНҲО

skarn

СКАРНҲО (аз шведӣ — лой, партов), ҷинсҳои кӯҳии метасоматиеро гуянд, ки таркибашон аз силикатҳои калсий, магнию оҳандор ва алюмосиликатҳо иборатанд. Скарнҳо асосан дар зонаи контактӣ (аксар дар ҷойҳои баҳамрасии ҷинсҳои магмавӣ бо оҳаксанг ё доломитҳо) ва баъзан дар дохили ҷинсҳои магмавӣ ва таҳшинию метаморфӣ вз таъсири маҳлулҳои баландҳарорати магматогенӣ ба ҷинсҳои атроф ба вуҷуд меоянд. Аз таъсири химиявии маҳлулҳои ҷинсҳои атроф таркиби химиявӣ ва минералогии худро тамоман ё қариб тамоман тағйир дода, ба Скарнҳо табдил меёбанд. Вобаста ба хусусиятҳои таркибашон Скарнҳо калсийдор ва магнийдор мешаванд. Скарн дар зонаи контактӣ ва дохили ҷинсҳо ба шакли линза, қабат, ғулба, раг ва ғайра вомехӯранд. Дар байни ҷинсҳои кӯҳӣ вуҷуд доштани Скарнҳо нишонаи хуби мавҷудияти сарватҳои зеризаминӣ мебошад, чунки аксари Скарнҳо тарокуми калони маъданҳои металлӣ (махсусан оҳаян мис, сурб, руҳ, волфрам, молибден) ва ғайриметаллӣ (флогопит, боратҳо ва ғайра) дораяд. Аз ҳамин сабаб типи махсуси конҳо — конҳои скариб ҷудо карда шудаанд, ки онҳо дорои аҳамияти калони саноатианд.

                                                                              М. Ҷанобилов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …